Талабот ва дастурҳо барои ҷойгир кардани дачаи шумо дар сайти Bronla.tj

Ҳангоми ҷойгир кардани дача дар платформаи Bronla.tj шумо бояд талаботи зеринро риоя намоед:

  • Шумо бояд соҳиб ё идоракунандаи дача бошед. Ин маънои онро дорад, ки шумо барои дурустии маълумоти дар эълонатон буда масъул мебошед.
  • Шумо бояд хидматҳо ва қулайиҳои мавҷударо дақиқ нишон диҳед. Агар дар эълонатон хидмати мавҷуднабударо нишон диҳед, шумо вазифадоред онро ба муштариён пешниҳод намоед. Дар акси ҳол, аз сабаби шикояти муштариён эълони шумо нест карда шуданаш мумкин аст.
  • Аксҳои дачаи шумо бояд ба наздикӣ гирифта шуда бошанд ва ҳамаи қулайиҳоро пурра инъикос намоянд. Ҷойҳои муҳим — ҳуҷраҳо, ҳавз, ошхона ва дигар қулайиҳо бояд дақиқ нишон дода шаванд.
  • Агар баъзе хидматҳо ё қулайиҳо кор накунанд, шумо бояд онҳоро аз эълон нест кунед. Ин расонидани маълумоти дақиқ ва боэътимодро ба муштариён таъмин менамояд.
  • Тақвими бандиро мунтазам нав кардан лозим аст. Агар дача банд бошад, шумо бояд он санаҳоро пӯшед ва танҳо рӯзҳои озодро ба муштариён нишон диҳед.
  • Мунтазам нав кардани нархҳо муҳим аст. Бо назардошти талаботи мавсимӣ ва дигар омилҳо нархҳоро мутобиқ гардонед.
  • Агар дача муваққатан фаъолият накунад, онро аз эълон хомӯш кардан лозим аст, то муштариён ҳамеша маълумоти мубрам дошта бошанд.
  • Пеш аз омадани муштариён дача бояд тоза карда, ба ҳолати тайёр оварда шавад. Шумо бояд ба меҳмонон ҷойи тоза ва барои истифода тайёрро пешниҳод намоед.

Тартиби ҷойгир кардани дача дар Bronla.tj

Барои ҷойгир кардани дачаи худ дар платформаи Bronla.tj шумо метавонед тавассути боти Telegram-и мо ба қайд гиред.

  • Ба боти Telegram бо ин пайванд ворид шавед: Bronla Telegram bot
  • Пас аз ворид шудан ба бот, тугмаи «Start»-ро пахш кунед.
  • Сипас тугмаи «Bronla.tj»-ро, ки дар кунҷи чапи поён ҷойгир аст, интихоб карда, тавассути рақами телефони худ ба қайд гиред.
  • Пас аз бақайдгирӣ ба раванди ҷойгиркунии эълони дача гузаред ва маълумоти зеринро пур кунед:

Маълумоти умумӣ дар бораи дача:

  • Номи дача (номи мавҷуда ё номи беназире, ки худатон бароварда бошед);
  • Номи шумо;
  • Маълумоти пурра дар бораи дача (қулайиҳо, таҷҳизот, тавсифи мухтасари минтақа);
  • Шумораи меҳмонон (дача чанд нафарро қабул карда метавонад);
  • Шумораи хобгоҳҳо;
  • Шумораи ҷойгаҳҳо (дақиқ чанд ҷой мавҷуд аст);

Суроға ва ҷойгиршавӣ:

  • Минтақаи шумо (минтақае, ки дачаи шумо дар он ҷойгир аст);
  • Ориентир (ҷой ё объекти машҳури наздик);
  • Ҷойгиршавии дачаро дар харита қайд кунед;

Маълумоти иловагӣ:

  • Оё меҳмонон метавонанд ҳайвоноти хонагиро бо худ оранд?;
  • Дача барои киҳо пешбинӣ шудааст?;
  • Навъи ҳавз дар дача;
  • Қулайиҳои иловагӣ (Wi-Fi, ҷойи таваққуфи мошин ва дигар хидматҳо);
  • Вақти воридшавӣ ва вақти баромадан;
  • Рақами телефони шумо (барои он ки муштариён бо шумо тамос гиранд);
  • Рақами дуюми телефон (агар зарур бошад);
  • Нархи дача (ба андозаи рӯзона ё ҳафтаина);

Аксҳо:

  • Аксҳои дачаро бор кунед (бояд босифат ва ҳақиқӣ бошанд);

Пеш аз ҷойгир кардани эълон бо талабот ва қоидаҳои сайт шинос шавед. Пас аз шинос шудан, тугмаи «Тасдиқ»-ро пахш кунед. Пас аз ин эълони шумо аз ҷониби дастаи Bronla.tj тафтиш карда мешавад ва бо шумо тамос мегиранд.

Агар тағйироти иловагӣ ё саволҳо дошта бошед, бо мо тамос гиред!